Оила, кӯча ва маҳаллаи беҳтарини шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 муайян шуданд
Дар ҷаласаи фаъолони шаҳри Хуҷанд озмуни беҳтарин оила, кӯча ва маҳаллаи беҳтарини шаҳри Хуҷанд дар соли сипаришуда мавриди натиҷагирӣ қарор гирифт.
Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон оилаи Бобоҷоновҳо, ки дар маҳаллаи Мевагул ва оилаи Каримовҳо дар маҳаллаи Навбаҳор истиқомат доранд, аз оилаҳои беҳтарини шаҳр дар соли сипаришуда эътироф гардида, бо диплом ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Таъкид гардид, ки оила дар ҳама давру замон чун ҷавҳари ҷомеа мақому манзалати хосаеро доро буда, ба шарофати сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу ҳимояи оила таҳти назорат ва ғамхории давлат қарор дорад.