Сиёсатмадори варзида 80 сола шуд
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хотири расонидани паёми табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати 80 солагии бонуи сиёсатмадор ва матинирода Назира Атабековаро аёдат намуданд. Таъкид гарид, ки фаъолияти ибратбахши чунин занони собиқадор барои насли ҷавон мояи ифтихор ва пайравист. Зеро Назира Атабекова фаъолияти пурсамари хешро баҳри хизмати содиқона ба нафъи миллат ва давлату Ҳукумат сарф намуда, дар пешрафти ҷодаҳои гуногуни ҳаёт нақши муассир гузоштааст.
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти меҳнатии ин бонуи ҳалиму хоксор ва меҳрубон, инсони соҳибназару соҳибфазилат ва соҳибэҳтиром солҳои тӯлонӣ дар вазифахои пурмасъули мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, дар вазифаҳои масъули дастгоҳи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- мақомоти олии қонунгузории кишвар кор кардааст. Мавсуф ба ҳайси мудири шуъбаи умумии Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, мудири шуъбаи махфии Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, сардори Дастгоҳи Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, мудири шуъбаи арзу шикоятҳои шаҳрвандони Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон, сардори шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони Котиботи Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Натиҷаи ҳамин хидматҳои нек ва амалҳои шоёни мавсуф буд, ки барои фаъолияти назаррас аз ҷониби давлату Ҳукумат борҳо қадршиносӣ гардидааст.
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии сиёсатмадори вазирда Назира Атабековаро бо ин фараҳҷашнашон шодбош гуфта, барояшон сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор таманно менамояд.