Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ва сиёсат

19 январи 2021, сешанбе

         Санаи 19.01.2021 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон бо иштироки муовини раиси ноҳия Саидарабзода Гулғунча таҳти унвони “Зан ва сиёсат” конфронс баргузор гардид. Дар конфронс мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шуғнон Девлохова Замира оид  ба  баланд  бардоштани маърифати  ҳуқуқӣ, фаъолияти  меҳнатӣ ва ҷамъиятию сиёсии занон, муҳайё сохтани шароити баробар ва таъмини баробарии гендерӣ, зиёд гардидани сатҳи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону ҷавондухтарон сухан ронд. Раиси Шурои собиқадорони ноҳия Гуландом Назаршоева доир ба тарбияи  меҳнатию ахлоқии ҷавондухтарон, эҳёи суннату ҳунарҳои ниёгон ибрози ақида намуд.


Поделиться в