Вохӯриҳо ба хотири пешрафт
Дар асоси нақшаи вохӯриҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон дар ҷамоати деҳоти Пулотон баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом баромад намуда, ҷиҳати пойдории оилаҳои ҷавон, устувории муносибатҳои оилавӣ, сарфаю сариштакории бонувон дар хонадон, истифодаи оқилонаи қувваи барқ, барҳам додани ҳолатҳои хушунати зӯроварии хонаводагӣ ва тарбияи дурусти фарзандон суханронӣ намуд.