Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар шаҳри Исфара

21 январи 2021, панҷшанбе

      Тибқи нақшаи чорабинии муштараки шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, муовини Раиси ҷамоати деҳоти Навгилем дар деҳаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилем вохурӣ бо фаъолони деҳа ва занону ҷавонон баргузор гардид.
     Гурӯҳи корӣ вобаста ба муҳтавои Муроҷиатномаи  ширкати "Барқи тоҷик" чиҳати сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, сари вақт ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонписарон ва рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" суханронӣ намуданд.

Поделиться в