Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоиши судманд

25 сентябри 2019, чоршанбе

 

Дар раванди рушди ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, Файзобод, Роғун, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод, Лахш дар доираи амалисозии Лоиҳаи "Беҳсозии Ҳамҷояи Ҳифз-ул-сиҳат ва макони зист" дар ноҳияи Нуробод Форуми "Занони соҳибкори минтақаи Рашт" баргузор гардид.

Форуми мазкур бо дастгирии Фонди Тоҷикистонии Оғохон ва малағгузории Оҷонсии Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ лоиҳаҳои рушд дар минтақаи Рашт доир карда шуд.

Форуми "Занони соҳибкори минтақаи Рашт" бахшида ба эълон гардидани "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" баргузор гардида, дар он занону бонувони касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Мақсад ва ҳадафи баргузории Форуми мазкур ин ба ҳам овардани занону бонувони ҳунарманд, ривоҷу равнақи соҳиборӣ  ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум маҳсуб меёбад. Дар рафти баргузории Форум ҳунарҳои занону бонувони ноҳияҳои минтақаи Рашт ба намоиш ба фурӯш гузошта шуд.

   

Поделиться в