Нерӯи барқро сарфакорона истифода мебарем
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар маҳаллаҳои Иторчӣ ва Себзори ҷамоати деҳоти Ғулакандоз бо ҷалби раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, фаъолзанон, ҷавонон ва собиқадорони меҳнат бо усули “хона ба хона” вохӯриву мулоқотҳо доир намуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ ҳангоми суҳбат бо сокинони маҳалла муҳтавои Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, риояи қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизотҳои барқии серхароҷотро шарҳ дода, оид ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру бунёди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, истиқболи арзандаи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғоз бахшидан ба корҳои ниҳолшинонӣ, истифодаи оқилонаи заминҳо, риояи ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ маслиҳатҳои муфид доданд.