Вохӯрии судманд дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар тамоми ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимии миёни умумии ракамҳои 1 ва 4 бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, омода намудани духтарон ба ҳаёти оилавӣ, тарғиб ва таҳкими арзишҳои оилаву оиладорӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" суҳбату мулоқотҳо доир гардид. Дар он масъулин, фаъолазанҳо, модарони рӯзгордида ва аъзои шӯрои шуъбаи кор бо занон ва оила иштирок ва баромад намуданд.