Сада – умед ба ояндаи сабзу хуррам
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав санаи 25 январи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Н. Маъсумӣ ба хотири таҷлили ҷашни Сада чорабинии фарҳангиро бо иштирок ва суханронии Раиси ноҳия ташкил ва баргузор намуд.
Дар чорабинии мазкур намоиш-фурӯши гулу дарахтони мевадиҳанда, дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ пешкаши харидорон гардид. Дар ин раванд аз ҷониби занону бонувони ҳунарманди ноҳия гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва пешниҳоди иштирокдони чорабинӣ карда шуд.