Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Муҳофизати Ватан- Модар вазифаи ҷонии ҳар яки мост

28 январи 2021, панҷшанбе


       Бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода У.Б. дар беморхонаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сардори раёсат оид ба корҳои тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи “Садои шарқ” Рустами Ваҳҳоб, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Кузибоева З. суҳбату вохӯрӣ баргузор намуд.

Поделиться в