Вохӯрии ҷамъбастӣ
29 январи соли равон дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии ҷамъбастӣ бахшида ба татбиқи лоиҳаи Барномаи рушди Созмони милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони “Таҳкими амнияти ҷомеа ва пешгирии зӯроварӣ дар Тоҷикистон” тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, инчунин ниҳодҳои СММ ба монанди БРСММ, СММ-Занон, ташкилоти Сейфворд, ГОПА иштирок намуданд.