Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Вохӯрии Шӯрои занони соҳибкор ва ҳунармандон

30 январи 2021, шанбе

        Кумита ҷиҳати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ташаббусҳои назарраси занон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, вохӯрӣ бо Шӯрои занони соҳибкор ва ҳунармандон 30 январи соли равон баргузор намуд.
        Мақсади вохӯрии мазкур, рушди имкониятҳои иқтисодии занон, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани қобилияти  рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат ба ҳисоб мерафт.
        Маврид ба зикр аст, ки тариқи додани афзалияти бештар барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заргариву дӯзандагӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна масъалаҳои таъминоти занон бо ҷойи кор ва барои онҳо фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар ҷумҳурӣ тадбирҳо тибқи грантҳои Президентӣ, қарзҳои бефоиз вусъат ёфтаанд.

Поделиться в