Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Иди Сада – муждаи баҳору Наврӯз

01 феврали 2021, душанбе


        Мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ, пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас аз гузаштани чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистону муждае аз наздик расидани баҳор иди Сада фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр ҷашн гирифта мешуд. Деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро бо шодиву хушҳолӣ ва барафрӯхтани гулханҳои бузург ёдоварӣ менамуданд. Аз ин ҷост, ки Сада пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд.
       Дар доираи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили ҷашнҳои миллӣ, ҷашни Садаи имсола, ки дар пешорӯи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ баргузор гардид, дар фазои тантанаи ободиву осудагӣ, бунёдкориву созандагӣ ва ваҳдату истиқлолияти Тоҷикистони биҳиштосо бо намоиши дастаранҷи деҳқону кишоварзон рӯи кор омад.
       Дар ин намоишгоҳи фарҳангӣ Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ иштироки фаъолонаи занону бонувони ҳунармандро бо намоиши ҳунарҳои дастӣ, дастгоҳҳои бофандагию ресандагӣ, хуришҳою таомҳои миллӣ таъмин намуд.
      Иштирокдорону меҳмонони чорабинӣ ба ҳунари бофандагию пазандагии занону бонувон баҳои баланд дода, Кумитаи кор бо занон ва оиларо бо Сипоснома сарфароз гардониданд. Чунин намоишгоҳҳо албатта барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватадӯстиву ватанпарварӣ, инсодӯстиву меҳмондӯстии наврасону ҷавонон мусоидат намуда, василае барои боз ҳам муттаҳид намудани мардуми фарҳангсолори тоҷик аст.

Поделиться в