Ба Ватани худ содиқона хизмат мекунам
Ҳайати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Ғаффорзода аз қисмҳои ҳарбии 6592, 051059 ва 05150-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дидан ба амал оварданд.
Зимни дидорбинӣ арз доштанд, ки Ватан ба ҳомиёни ҳақиқӣ, тануманду созанда ниёз дошта, ҳифзи марзу бум, таъмини осоиштаи халқ, сулҳу суботи кишварро ба зимаи сарбозону афсарон вогузор намудааст. Аз ин рӯ, ҳар як сарбози ватанро мебояд, ки дар ин кори басо пурифтихор ва масъулиятнок бо дониши баланд, маърифати волои инсонӣ, маҳорату ҷасорат ва ҳувияти баланди миллӣ ва зиракии сиёсӣ саҳми шоиста гузорад.