Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Меҳри Ватан ҳамеша дар дили мост

02 феврали 2021, сешанбе

              Бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи аскарон, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ҳувияти миллӣ муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода У.Б. дар якҷоягӣ бо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз беморхонаи ҳарбии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо афсарону сарбозон дар таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳимояи марзу буми Ватан суҳбат-вохӯрӣ анҷом дод.

  

Поделиться в