Масоили занон дар меҳвари Паём
Санаи 5 феврали соли 2021 ҳамоиши занону бонувон ва ҷавондухтарон зери унвони “Масоили занон дар меҳвари Паём” оид ба расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, муовини Раиси ҲХДТ Хайриниссо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаркати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, собиқадорон Рафиқа Мусоева ва Марҳабо Ҷабборӣ, ҳамзамон, муовинони вазорату идораҳо, муовинони раисон, сардори раёсат ва мудирони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, муовинони ректор оид ба тарбияи муассисаҳои олии касбӣ, раисони шӯроҳои занони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.