Ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ
Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” (PDV) бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор дар Дастгоҳи марказии Кумита ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид.
Намояндагони гурӯҳи кории байниидоравӣ бо рӯнамои Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ” (PDV) дар мавзӯи “Таъсири интизоми ҳатмии мактабӣ ва соатҳои тарбиявии берун аз синфӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” барои тағйир додани тасаввурот, муносибат, қолабҳо ва таҳаммулнопазирӣ ба падидаи зӯроварӣ дар оила дар байни мактабҳои пилотии вилояти Хатлон” шинос шуда, корманди Кумита доир ба дастовардҳо ва аз рафти корҳои анҷомдода дар самти татбиқи Нақшаи барнома ҳисобот дод.