Саҳми занон дар рушди илм
Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии «Саҳми занон дар рушди илм» бо иштироки Сафолзода Муҳаммадӣ-мушовири бахши ёрдамчӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мансурӣ Дилрабо-муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳимӣ Фарҳод-Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимону пажӯҳишгарон, докторону номзадони илм, аспирантону магистрҳо ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар доир гардид.
Ҳадафи баргузории конференсияро татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дастгириву мусоидати ҳаматарафа дар таҳқиқоту пажўҳиши занону бонувон, ҳамзамон баррасии дастовардҳои илмии занон дар соҳаҳои гуногуни илм ташкил дод.