Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷилваи рангҳо

28 сентябри 2019, шанбе

 

Фестивали Ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо»: Либосҳои миллӣ ва муосир (барои кўдакону наврасон, ҷавондухтарону ҷавонписарон) ба рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истеҳсоли навъҳои гуногуни матоҳои ватанӣ мусоидат намуда, мақсади баргузории он арҷ гузоштан ба фарҳанги либос ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар дўхти либоси миллӣ аст. Фестивали мазкур дар доираи иҷрои банди 9 Ҷадвали баргузории фестивал, ид, намоиш ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Оид ба баргузории фестивал, ид, намоиш ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи он баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кўдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон ва риояи тарзи пўшидани онҳо дар кишвар мебошад.

Маҳаки асосии баргузории Фестивал ба тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ,ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспўшии аҳли ҷомеа равона гардида, анъана ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро эҳё менамояд ва барои истеҳсоли навъҳои гуногуни матоъҳои ватанӣ вобаста ба фаслҳои сол мусоидат намуд. Дар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» тарроҳону дўзандагон, эҷодкорону рассомон, чеварону ҷунармандон ва хоҳишмандон ҳунари волои худро дар 8 номинатсия муаррифӣ  намуданд.

            Номинатсияи якум: либосҳои қадима ва муосири кўдакону наврасон

            Номинатсияи дуюм: Либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ (халқӣ ва муосир)

            Номинатсияи сеюм: Либосҳои рўзмарраи ҷавондухтарон, бонувон ва модарон

            Номинатсияи чорум: Либосҳо барои ҷавонон, мардон ва муйсафедон

            Номинатсияи панҷум: Либосҳои маросимӣ ва идона

            Номинатсияи шашум: Либосҳои расмӣ (протоколӣ)

            Номинатсияи ҳафтум: Либосҳои фароғатӣ

            Номинатсияи ҳаштум: Либосҳои барои хона ва корхона

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо» бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар се давр:

- даври якум дар сатҳи маҳалла, деҳа ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо

- даври дуюм дар вилоятҳо, шарҳи Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

- даври сеюм дар пойтахти мамлакат шањри Душанбе сурат гирифт.

Синну соли иштирокчиён аз 10 то 63 сола муқаррар гардида, дар ҳар бахш ба намоиш ва ороиши зебогии либос эътибори хоса дода шуд.

Фестивал аз ҷониби Кумитаи тадорукот натиҷагирӣ карда шуда, беҳтаринҳо бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва шахсони ташаббускор бо иштироки фаъолона ва саҳмгузории худ бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

 

Поделиться в