Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чакомаи гесу

15 феврали 2021, душанбе

           Бо мақсади тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанг, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шаҳринаву Нуробод, Муъминободи вилояти Хатлон ва Дарвози ВМКБ даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардид.
           Ҳадафи Фестивали “Чакомаи гесу” тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесу, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй мебошад.
           Дар Фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну муйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила рӯи кор овардани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ ва кошонаи ҳусну машшотагӣ ва ҷалби сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба шуғлу касбомӯзӣ мебошад.
           Багузории Фестивали мазкур имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши рӯйю мӯй, ҳунари волои машшотагӣ, пардози рӯйю мӯй муаррифӣ гардад. Дар баробари ин санъати аслии шонатарошию сурмапазӣ, навъҳои гунонуни ҳунарҳои муйбофию чамолакбандӣ, зулфандозию пӯпакбофӣ ва кокулбандӣ роҳандозӣ гардида, мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирад ва ҳунари беҳтарини ороишгарон, кошонаҳои ҳусн, машшотаву ҳунармандон муаррифӣ карда шавад.

Поделиться в