Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

“Чакомаи гесу” ба хотири зебоипарастӣ

17 феврали 2021, чоршанбе


         Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдату ноҳияи Тоҷикобод даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесу» баргузор гардид.
           Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои болозикр ғолибон ва иштирокчиёни фестивалро бо  Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.



Поделиться в