Модарон Хуҷанди дар меҳмонии сарбозон
Бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии роҳбарияти шаҳр фаъолзанон, соҳибкорзанон, раисони шӯрои кор ба занони маҳаллаҳо, заноне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд, сарбозони Баталёни 3-юми қисми низомии 6593-и Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро аёдат намуданд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки чорабинии мазкур ба ифтихори 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он пеш аз ҳама, шиносоии модарон бо ҳаёти имрӯзаи сарбозии фарзандони сарбозаш мебошад.