Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Чакомаи гесу

22 феврали 2021, душанбе

         Бо мақсади тарғибу ташвиқи зебоипарастӣ миёни духтарону бонувон, қироати ашъори баландмазмун бахшида ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесу, сару либос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳубини рӯй, мӯй, муҳофизати пӯсти дасту рӯй даври дуюми Фестивали «Чакомаи гесу» дар шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд, Кӯлоби вилояти Хатлон, Ҳисору Роғун, ноҳияҳои И.Сомонии шаҳри Душанбе, Сангвор ва Файзобод дар сатҳи баланд баргузор гардид.
        Ҳадафи баргузории Фестивали мазкур намоиши парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросими миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин мақсад ба кор андохтани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозиву оинасозӣ, сурмапазиву қаламҳои ороишӣ ва тақвияти фаъолияти кошонаи ҳусну машшотагӣ,  ҷалби сокинони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба шуғлу касбомӯзӣ мебошад.

 

 

Поделиться в