Занон ва муҳоҷират
Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, вилоятҳои Суғд, Хатлон, ноҳияҳои минтақаи Рашт, тобеи ҷумҳурӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” дар мавзӯи мизи мудаввар “Занон ва муҳоҷират” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мавзӯъҳои “Занон ва муҳоҷират”, “Самтҳои дастгирии занони муҳоҷир”, “Хизматрасониҳо ба занони оилаҳои дар муҳоҷират қарордошта”, “Гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ доир ба бехатарии муҳоҷират ва муқовимат ба савдои одамон” ва самти фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ бо пешниҳоди таклифҳои муфид ҷиҳати беҳтар гардонидани татбиқи Нақшаи мазкур таъмини занон ба шуғли муносиб ва дастрасии беҳтар ба қарзҳои имтиёзнок, аз қабили грантҳо ва ғайра ба кори худ хотима бахшид.