Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омӯзишӣ ба хотири иттилоотонии аҳолӣ

23 феврали 2021, сешанбе

         Дар асоси нақшаи муштаркаи Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ширкати телевизион ва радиои “Тироз” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳаёт” 15-16-уми феврали соли 2021 дар меҳмонхонаи “Бӯстон”-и шаҳри Бӯстон ва гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ, аъзои оилаи онҳо, фаъолон, намояндагони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила, шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳр ва ноҳия семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Ман муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам” гузаронида шуд.
        Ҳадаф аз баргузории семинар ин дар баробари омӯзиши масъалаҳои муҳими муҳоҷират, пешгирии савдои одамон, мусоидат ба таъмини муҳоҷирати бехатар, инчунин бо дарназардошти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии фаврӣ ба манбаи иттилоотӣ, ҳалли мушкилоти мубрами муҳоҷирон ва дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа мебошад.
        Дар семинар зиёда аз 30 нафар сокинони синну сол ва касби кору гуногун иштирок намуданд.

 

Поделиться в