Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Гесуи дароз – ними ҳусн

25 феврали 2021, панҷшанбе

         Даври шаҳрии Фестивали «Чакомаи гесу»-и Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намоиши маҳсулоти ороишии ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занона ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй, ашъори баланпояи суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесу, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баргузор гардид.
        Қурбонзода Ҳ.Ҷ. иброз намуд, ки ҳадафи баргузории Фестивали «Чакомаи гесу» тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги тоҷик, муаррифии анъанаҳои неки ниёгон ва арзишҳои миллӣ, инчунин тарғибу ташвиқи парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, ҳунари волои машшотаҳо, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ, аз қабили мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ ва ба ин васила рӯйи кор омадани корхонаҳои хурди истеҳсолии шонасозию оинасозӣ, кошонаҳои ҳусн ва талқини зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт, бахусус ҷавондухтарон мебошад.

Поделиться в