Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Оилаи хушбахт- оилаи бе зӯроварӣ

25 феврали 2021, панҷшанбе

           Бо мақсади татбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон ҳамасола дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” (PDV) ҷиҳати пешгирӣ ва дарёфти роҳи ҳалли хушунати хонаводагӣ байни намояндагони васоити ахбори омма озмуни беҳтарин мақола, очерк, лавҳа ва гузоришу барномаҳои телевизиониву радиоӣ баргузор менамояд.
           Озмуни мазкур санаи 24 феврали соли ҷорӣ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма ҷамъбасти гардида, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться в