ҲАМОИШИ СУДМАНД
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар ҳамбастагӣ бо бахши ҷавонон ва варзиш дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки ҷавондухтарон семинари омӯзиширо дар мавзӯи “Омода намудани кадрҳои хизмати давлатӣ аз ҳисоби ҷавондухтарони лаёқатманд” доир намуда, аз дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу иқдомҳои занон, ҳарчи бештар ҷалб намудани занон ба соҳаи хизмати давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсии занон ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо, боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият ва рӯзгори занону духтарон ибрози андеша карда шуд.