Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бунёди ҷомеаи ояндасоз

04 марти 2021, панҷшанбе

           Дар асоси нақшаи муштараки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Ширкати телевизион ва радиошунавоии «Тирози ҷавонӣ» дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Баланд бардоштани нерӯи таълимии мактаб дар пешгирии ифротгароии хушунатомез» бо иштироки омӯзгорони синфҳои болоӣ ва волидайн семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
           Дар семинар оид ба хатарҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аломатҳои зуҳуроти он дар рафтори ҷавонон, пешгирии зуроварӣ дар оила, қонунҳо ва санадҳои давлатӣ оид ба пешгирии зуҳуроти номатлуб ибрози андеша карда шуд.

 

Поделиться в