Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ

09 марти 2021, сешанбе


          Бахшида ба Рӯзи модар маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Нақши занону бонувон дар таҳкими Истиқлоли миллӣ" бо иштироки бонувони фаъол ва модарони барӯманди шаҳри Конибодом, ки дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ солҳои тӯлонӣ хизмат намудаанд, баргузор гардид.
          Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур модарони сарбозоне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адои хизмат доранд, бо тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

 

Поделиться в