Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Кадбонуи беҳтарин

11 марти 2021, панҷшанбе


          Тибқи ҷадвали баргузории фестивал озмуни анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, АП-1140 тасдиқ шудааст, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муьминобод озмуни ноҳиявии "Кадбонуи бехтарин"-ро бо иштироки кадбонуҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор намуд. Ғолибони озмун муайян гардида бо тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод қадрдонӣ карда шуданд.

Поделиться в