Мизи мудаввар оид ба Рӯзи забони давлатӣ
Бахшида ба бузургдошти таҷлили Рўзи забони давлатӣ дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагон аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, омўзгорону донишҷўдухтарони макотиби олии кишвари Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят»-и назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Равандҳои таъсирпазирии забони давлатӣ ва ҳифзи асолати он» мизи мудаввар доир гардид.
Дар кори мизгирд иштирокдорон нуқтаи назари худро андар фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатиро касб намудааст, иброз намуданд.
Қайд карда шуд, ки бузургдошти забони давлатӣ низ ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст.
Забон хишти аввалини кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дўстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист. Аз ин рў, ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки ба арзишҳои бузурги миллӣ, аз қабили Ватан, модар, истиқлолияти давлатӣ, забон ва таъриху фарҳанги ғановатманди худ арҷгузорӣ намуда, забони модариро ба фарзандони худ омўзонем, зеро забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медињад.
Сабақи аввалини модар ба фарзанд аз омўзонидани забон шурўъ мегардад ва бо нақли афсонаҳо ва қироати ашъору панди бузургон дар замири ў хислатҳои наҷиби инсониро ҷой медиҳад. Воқеан, фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар, ки гаҳворабони забони адабӣ аст, ёд мегирад. Аз ин рў, ҳар як зан, духтари тоҷик дар баробари хуб донистани забони адабӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, инчунин ба поку беолоиш нигоҳ доштани забон, ҳифзи арзишҳои волои фарҳанг ва тамаддуни миллӣ ањамияти хоса дода, дар тарбияи фарзанди солиму солеҳа нақши муассир гузошта тавонад.
Мизи мудаввар бо қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷудухтарон ба кори худ ҳусни хотима бахшид.