Семинари омӯзишӣ дар шаҳри Хуҷанд
Дар асоси нақша чорабиниҳои шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон "Гулрухсор" дар доираи амалисозии лоиҳаи "Баланд бардоштани иқтидор ва қобилияти занон дар ҳалли низоъҳои хушунати оилавӣ" семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Ҳадафи чунин омӯзиш баланд бардоштани дониш оид ба истифодаи қонунҳо дар бартарафсозии хушунати оилавӣ ва расонидани ёрӣ ҳангоми муроҷиати занон дар ҳолати гирифторшави ба хушунати оилавӣ мебошад.