Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак!

19 марти 2021, ҷумъа


            Бо камоли мамнуният занону бонувони сарбаланди тоҷик ва кулли мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ муборакбод менамоем.
           Наврӯз падидаи дурахшони ҳаёти фарҳангиву маънавии Тоҷикистон, ки бо иқдоми тозаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилаӣ гирифт, ҳамчун рамзи оғози баҳор, дӯстиву ваҳдат, меҳнату созандагӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил меёбад.
          Наврӯз аз файзи Истиқлолу ваҳдат пайки тоза мерасонад ва бо таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба халқи кишвар баҳори умед, насими созанда ва саодати зиндагӣ оварда, ба фатҳи қуллаҳои наву пешрафт ҳидоят месозад.
        Дар ин рӯзҳои ҷашни ниёгон ба мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо саодату пирӯзии Наврӯзӣ ва ҳамешасабзии хонадонро таманно мекунем.
        Наврӯз муборак!

Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Поделиться в