Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пешгирии амалҳои зӯроварӣ дар оила

30 марти 2021, сешанбе


          Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии "Дунёи бехатар" ва Шӯрои ҷамиятӣ оид ба милитсия дар назди ШВКД дар ноҳия муарифии лоиҳаи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон гузаронид. Дар кори ҷаласа намояндаи ташкилоти ғайридавлатии "Дунёи бехатар" Дилшода Пулатова қайд намуданд, ки дар маркази ҷамоати деҳоти Чилдухтарон утоқи кории машваратӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила кушода шуда, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ хизмат мерасонад.

 

Поделиться в