Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳи хизаматрасонӣ

09 октябри 2019, чоршанбе

 

Кумита , ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварии хонаводагӣ”, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” ва  банди 4.82.9-и “Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутассадиёни утоқҳои дастгирии занони аз зӯроварӣ ранҷкашида ва ҳуҷраҳои нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти  кор бо занон ва оила семинар-тренинг дар мавзӯи “Ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳи хизаматрасонӣ” баргузор намуд.

Дар семинари омӯзишӣ  мавзӯъҳои “Сиёсати гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Механизмҳои қонунгузорӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Мафҳуми ҷомеа ҳамчун фарҳанги ризояти тарафайн”, “Малакаи асосии машваратҳои равонӣ барои кор бо ҷабрдидагони зӯроварӣ”, “Маълумоти умумӣ дар бораи бемориҳои аъзои бозтавлидӣ (БАБ) ва бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда (БРАҶГ), аз ҷумла ВНМО” “Гиреҳи мушкилот – таҳлили сабабҳои муоширати бесамар: малакаҳои рафторӣ, урфу одат, расму ойин ва ғ.” “Боварӣ ва махфият, тағйир ёфтани рафтор”, “Кӯмаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ” ва “Машқи амалиявӣ оид ба расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштироккунандагон дар раванди омӯзиш  табодули афкор ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори хизматрасониҳо барои ёрӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила намуда, дар анҷоми чорабинӣ бо сертификат қадрдонӣ гардиданд.

 

Поделиться в