Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

100-рӯзи муқовимат ба савдои одамон

31 марти 2021, чоршанбе


          Дар асоси нақшаи муштараки Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят, ташкилотҳои ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт» ва «Фонди рушди ҷомеа» оид ба таъмини иҷрои «Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикисон барои солҳои 2019-2021» дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар таҳти унвони «100-рӯзи муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
         Баргузории маъракаи «100-рӯзи муқовимат ба савдои одамон» ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокӣ ва маърифати ҳуқуқии субъекҳои муқовимат, кормандони ҷамоатҳо, маҳаллаҳо, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо оид ба масъалаҳои савдои одамон ва иҷрои «Нақшаи миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» мусоидат менамояд.

 

Поделиться в