Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Зан ва зебоӣ

02 апрели 2021, ҷумъа


                Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо фарорасии фасли зебои баҳор, ҷиҳати тозаву озода намудани гирду атрофи кӯчаву маҳалла, хонаву ҳавлӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ аксия таҳти унвони «Зан ва зебоӣ» ва бо мақсади муаррифӣ намудани фарҳанг ва либоси миллии тоҷикӣ аксия зери унвони «Либоси миллӣ таҷассумгари фарҳанги миллат» дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои он баргузор намуд.

Поделиться в