Табрикнома
Муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ!
Мо, бонувони Тоҷикистон, бо камоли ифтихормандии зиёд ва шарафу иродати бепоён Шуморо ба ифтихори сазовор донистан ба вазифаи муборакноми Сафири Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» дар Тоҷикистон таҳнияти воло ва шодбошӣ менамоем. Ин қадрдонии саривақтии Шумо, ки дар раванди истиқбол аз ду рўйдоди музаффариятбахши сиёсӣ: 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи дуюми НБО Роғун ба вуқӯъ пайваст, аз он шаҳодат медиҳад, ки Шумо чун номи қобилэҳтироми хеш ҳамеша хостори озодиву озодагӣ ва нури умеди равшаноӣ ҳастед.
Шумо ба ин ҷавонии хеш нигоҳ накарда, тавонистед, ки дар партави оламгири сиёсати қавианосири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар умури давлату давлатдорӣ, қуллаи дастнораси марому ҳадафро фотеҳ намудед ва шукуҳу азамати Зан-модари тоҷикро ба ҷаҳониён бо мақому мартабаи сухансанҷиву суханварӣ, забондонию хирадварзӣ, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии фарох ва фарҳангӣ сиёсӣ муаррифӣ намудед, ки ин зиндагиномаи Шумо шоистаи ибрати насли имрўз ва фардои кишвари мо хоҳад гашт.
Мо, бонувони Тоҷикистон, имрўз дар симои Шумо пеш аз ҳама роҳбари дурандешу нерўманд, сиёсатмадори қавӣ, ҳомии ҳақиқатнигор, пуштибони ғаюр, модари ғамхору мушфиқ, ҳимоятгар ва ҳифозатгари ҳуқуқи кулли бонувони тоҷик дар тамоми арсаҳои ҳаёт ва инсони дардошнову халқпарвар мебинем, ки бо эҳсоси баланди милливу меҳанӣ дар сарнавишти мардуми Тоҷикистон, ба вижа бонувон нақши дилсўзонаву бедареғ доред.
Мо ба қудрати фанонопазири Шумо чун пуштибони қавии хеш боварӣ дорем ва дар ҳама ҳолатҳо ба асолати ҳунари фардии Шумо чун роҳбари асилу тавоно такя мекунем ва умед бар он мебандем, ки ҳеҷ бешарафе наметавонад номи бузурги Зан-модари тоҷикро доғдор намуда, ҳуқуқи ўро поймол намояд.
Мо Шуморо дўст медорем ва бароятон аз Худованд умри сабзу бобаракат, зиндагии осуда, комгорӣ дар кору давлатдорӣ ва нусрату баракат дар рўзгору зиндагӣ таманно дорем.
Ҳамеша сарбаланду саодатёр бошед!
Бо иродат ва эҳтироми беандоза нисбати Шумо тамоми бонувони хушиқболи тоҷик