Мактаби сарварони ҷавон
Бо мақсади иҷрои "Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022" ва Нақшаи амали он барои соли 2019-2020 курси шунавандагони "Мактаби сарварони ҷавон" баргузор гардид. Дар чорабини собиқадорони сиёсатмадор ва тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии "Чароғи ҳидоят"и назди Кумита ширкат варзиданд.Чорабиниро Раиси Кумита Қосимзода И.Т. оғоз намуда, оид ба нақш ва макоми зан дар ҷомеа, сатҳи маърифатнокии занон, дар вазифахои рохбарикунанда фаъолият намудани занону бонувон, омодагии ҷавондухтарон ба оиладорӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳо ибрози ақида намуданд.