Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Оила ва ӯҳдадориҳои он

17 апрели 2021, шанбе


       “Ӯҳдадориҳои оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва пешгирии омилҳои номатлуб дар муносибатҳо” –чунин ном дошт мизи мудавваре, ки бо донишҷӯёни бахши 2-юми ихтисоси кори тиббии факултети тиббии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино баргузор гардид.
       Мудири бахши иттилооти Кумита Мамадалӣ Сабоҳат Рустам бобати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросим” суханронӣ намуда, дар доираи масъалаҳои солимиву пойдории оила, сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳо, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва зуроварӣ дар оила мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар фарҷоми мизи мудаввар ба Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон теъдоди муайяни китоби “Оила такягоҳи давлат аст” тақдим карда шуд.

Поделиться в