Ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дабири кулли СММ: Буҳрон имкониятҳои наверо фароҳам овард, ки бояд истифода шаванд

19 апрели 2021, душанбе


          Пандемияи коронавирус буҳрони бесобиқаи иқтисодиеро ба бор овард, ки дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нафар аз он азият мекашанд. Ҳамзамон, барои инсоният имкониятҳои нав ба вуҷуд омаданд, яъне  акнун иқтисодиётро бо назардошти муқовимат алайҳи тағйирёбии иқлим ва тақсимоти одилонаи маблағҳо метавон  барқарор намуд, гуфт Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти иттилоотии СММ хабар медиҳад.
      Муншии кулли СММ зимни суханрониаш дар ҷаласаи фавқулодаи  Иттиҳоди сармоягузорони ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор даъват ба амал овард, ки аз имконият истифода баранд ва барои  он, ки созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаҳои иқтисодии аз лиҳози экологӣ тозаро маблағгузорӣ намоянд, суръати таҳаввулотро тезонанд,  сармоягузорони инфиродӣ  бошанд,  ба он корхонаҳое маблағ ҷудо намоянд, ки ҳадафи онҳо  ба нестӣ расонидани партовҳои зараррасон ба ҳаво аст.
        Дар баромади худ Антониу Гуттериш зикр намуд, ки ҷаҳон паёмадҳои пандемияро акнун дарк менамояд: сафи бекорон зиёд мешавад,  корхонаҳое, ки муваққатан аз кор мондаанд, шояд дигар ҳеҷ гоҳ фаъол нагарданд. «Барои барқарор кардани  нишондиҳандаи тобуҳронӣ эҳтимол солҳо лозим шаванд»,- гуфт ӯ. СММ аз он нигаронии ҷиддӣ дорад, ки зарбаи гӯшношуниди иқтисодӣ  кӯшишҳо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро халалдор месозад.
        Соли 2015 дар Саммити Ню-Йорк сарони давлатҳо санадеро таҳти унвони «Таҳаввулоти ҷаҳони мо: барномаи рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030»-ро қабул намуданд. Он тадбирҳоро оид  ба беҳдошти  зиндагии  аҳолии сайёра, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи инсон, маориф, нигаҳдории тандурустӣ ва некӯаҳволии иқтисодиро пешбинӣ менамояд. Ин  гапи хушку холӣ нест, дар назди инсоният вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд. Мушкилии алоҳида маблағгузории ин кӯшишҳост. Ҷаласаи фавқулода барои он зарур буд, ки  арзёбии таҳдидҳо ва андешидани чораҳо  вобаста ба вазъият бо COVID-19  татбиқ карда шаванд.
         Муншии кулли СММ  ҳачунин ёдовар шуд: «Дар натиҷаи буҳрон чун ҳамеша табақаи аз ҳама камбизоат ва осебпазири аҳолӣ ранҷ мекашад». «Маҳз дар ин миён аксарияти онҳоеанд, ки ҷои корашонро аз даст додаанд, аз ҳифзи иҷтимоӣ бархӯрдор нестанд ва дар ҳолати бемор шудан аз сабаби сарбории зиёди низоми тандурустӣ кӯмак гирифта наметавонанд.
         Дар баробари ин, Антониу Гуттериш, таъкид намуд, ки буҳрон инчунин барои бунёд намудани ҷаҳони адолатманд  ва ҳифз намудани табиат имконияти хубе фароҳам сохт. Чунончи, дар пешорӯи пандемия истеъмоли  энергия коҳиш ёфт. Акнун одамон бештар технологияеро истифода мебаранд, ки ба воситаи он вобастагии иқтисодиёт аз сӯзишвории зеризаминӣ кам мешавад. «Ин гуна тағйиротҳо метавонанд оғози раванди беҳсозии ҳаёт дар сайёра бошанд»,- ақида дорад сарвари СММ.
        Ба гуфти ӯ, бо вуҷуди ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд фақат ба таҳаввулоти мусбӣ, ки худ ба худ ба амал меояд, умед бандад. Мавқеи фаъолро бояд ишғол кард, то ин ки дар барқарорсозии иқтисодиёт ҳамоҳанги  вазифаҳое шавад, ки дар рӯзнома барои давраи то соли 2030  барномаи Аддис-Абеб (амалиёт оид ба сармоягузории рушд) ва созишномаи Париж оид ба иқлим мувофиқат кунанд. Ин чунин маъно дорад, ки тиҷорат бояд манфиатҳои ҳам сармоягузорон ва ҳам саҳмдорон, инчунин истеъмолкунандагонро  ба назар гирад. Ҳамзамон дар аснои татбиқи лоиҳаи мушаххас  муҳити зистро ҳам бояд ба инобат гирифт.
       Дар  ҷаласаи  фавқулодаи  Иттиҳоди  сармоягузорони  ҷаҳонӣ,  ҷиҳати иҷрои Ҳадафҳои рушди  устувор, ки он дар шакли маҷозӣ сурат гирифт, иқтисодчиёни пешбар аз бисёр кишварҳои ҷаҳон ширкат намуданд, ки собиқ вазири молияи ИМА Ларри Саммерс низ миёни онҳо буд.
       Дар акс: Антониу Гуттериш. Акс аз Reuters

Эмомалӣ Раҳмон: Соли душвор аст, бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем

          Дар натиҷаи пандемияи коронавирус имрӯз ҷаҳон ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодӣ рӯ ба рӯ омадааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз аҳолии кишварро даъват мекунанд, ки барои  камаш ду сол маводи ғизоӣ захира кунанд. Бори дигар Сарвари давлат дар ин бора дар Паёми шодбошии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ишора намуданд.
        Президенти мамлакат зикр намуданд, ки соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст.
       Тавре қаблан АМИТ “Ховар” хабар дода буд, бино ба гузоришҳои Созмони Милали Муттаҳид, 20 кишвари ҷаҳон ба кӯмаки фаврии ғизоӣ ниёз доранд, вагарна онҳо ба гуруснагии сартосарӣ гирифтор мешаванд. Коршиносони СММ тазаккур додаанд, ки кишту кор дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон оғоз ёфтааст ва аз фурсат истифода бурда, кишварҳо дар афзоиши истеҳсоли ғизо талош варзанд.
        Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур мешуморанд, ки барои ҳар як оила захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ ба роҳ монда шавад ва ҳар порча замин оқилона истифода бурда шавад. Инчунин истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равғани растанӣ, картошка ва биринҷ зиёд карда шавад.
        Пешвои миллат дар Паёми шодбошӣ ба муносибати моҳи шарифи Рамазон аз сокинони кишвар даъват намуданд, имрӯзҳо, ки фасли баҳор аст, бояд аз ҳарвақта бештар кор кард, рӯзии худ ва аҳли хонадонро бо заҳмати ҳалол муҳайё намуд ва дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузошт.
      “Дар асоси таъкиди уламои шариат ва фақеҳони дини мубини ислом шахсоне, ки дар шароити душвор кору фаъолият мекунанд, касбашон ба таъмини маводи озуқа вобаста аст ё дар соҳаҳои саноату истеҳсолоти вазнин машғул мебошанд, рӯзадорӣ барои онҳо боиси душвориву машаққат мегардад. Аз ин лиҳоз, хӯрдани рӯза барояшон иҷозат дода шудааст ва онҳо метавонанд дар вақти мусоиди дигар рӯзаи худро анҷом диҳанд, — зикр намуданд Сарвари давлат.
       Президенти Тоҷикистон таъкид сохтанд, ки соли 2021 бо тамоми аломатҳояш ва тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон аз солҳои гузашта фарқи куллӣ дорад. Бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ, бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. Дар натиҷаи болоравии нархҳо ва камчинии озуқаворӣ, аллакай аҳолии 20 кишвари дунё дар ҳолати гуруснагӣ ва фақру қашшоқӣ қарор дорад.
      «Дар чунин шароит мо бояд тамоми саъю талош ва захираву имкониятҳоро барои ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва захираи он сафарбар созем. Хусусан, ки Рамазони имсола ба мавсими авҷи киштукор ва гузоштани замина барои ҳосил рост омадааст, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри истеҳсоли маҳсулот, таъминоти аҳли оилаи худ ва захираи маводи ғизоӣ бошем ва мушкилоти дар дунё бавуҷудомадаро ҳазл нашуморем», — тазаккур доданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
           Бояд гуфт, ки захираи маҳсулоти ғизоӣ дар соли ҷорӣ имрӯз дар саросари ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ мегардад ва  ҳар як оила бояд аз имконоти мавҷуда барои захираи маҳсулот истифода барад.

 

ДУШАНБЕ, 12.06.2020/АМИТ "Ховар" 

АКС аз манбаъҳои боз

Поделиться в