Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Сад ранги чакан ба таври хосса

21 апрели 2021, чоршанбе


           Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ даври шаҳрии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” баргузор гардид, ки дар он беш аз 150 нафар довталабон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа аз рӯйи номинатсияҳои “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ” иштирок намуданд.
         Баргузории даври шаҳрии Фестивали «Сад ранги чакан» (ҳунари чакандӯзӣ) яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, ҳадафи он эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, бедор намудани завқи баланди аҳолӣ ба маданияти либоспӯшӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик мебошад.
         Бо ҳамин мазмун даври ноҳиявии Фестивал-озмуни “Сад ранги чакан” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ баргузор гардид.

 

Поделиться в