Пешгирии омилҳои номатлуб дар муносибатҳо
“Пешгирии омилҳои номатлуб дар муносибатҳо” –чунин ном дошт мизи мудавваре, ки бо магистрон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода баргузор гардид.
Мудири бахши иттилооти Кумита Мамадалӣ Сабоҳат Рустам бобати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи зӯроварӣ дар оила”, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Танзими анъана ва ҷашну маросим” суханронӣ намуда, дар доираи масъалаҳои солимиву пойдории оила, сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳо, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва зуроварӣ дар оила мубодилаи афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, атрофи тамошои видеиороликҳо оид ба муносибатҳои солим ва носолими аъзоёни хонавода андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои иштирокдорон бо муҳассилини чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар фарҷоми ба роҳбарияти донишкада теъдоди муайяни китоби илмӣ тақдим карда шуд.