Суҳбату вохӯриҳо
Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои кор бо занони ва оилаи МИҲД-и ноҳияи Панҷ ва маориф, бахши ҳуқуқи кӯдак ва прокурори ноҳия бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таьлиму тарбияи фарзанд” бо аҳолӣ ва фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маорифчиён дар мавзӯъҳои пешгирии омилҳои номатлуб миёни занону духтарон, назорату тарбияи хуби фарзандон, масъалаҳои солимиву пойдории оила, сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳо, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва зуроварӣ дар оила суҳбату вохӯрҳои судманд анҷом дод.