Ҷавонон ва оила
Бо мақсади солимиву пойдории оила, сабабу омилҳои пошхӯрии оилаҳо, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва зуроварӣ дар оила дар Муассисаи далатии маркази таълимии “Чароғи ҳидоят” таҳти унвони “Ҷавонон ва оила” бо иштироки мураббиёну тарбиятгирандагони муассисаи мазкур мизи мудаввар баргузор гардид.
Мудири бахши умумии Кумита, Муродова Дилбар Муродмадовна бобати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ: Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, атрофи тамошои ведиороликҳо оид ба муносибатҳои солим аъзоёни хонавода андешаҳои ҷолиб ва пешниҳодҳои иштирокдорон бо муҳассилини чорабинӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.