Либос нишон аз фарҳанг аст
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар ҳамоиши раисони Кумитаҳои падару модарон ва роҳбарони муассиссаҳои таълимии пойтахт таҳти унвони «Либоси миллӣ – муаррифгари фарҳанги миллӣ» аз сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат бобати дастгирии ташаббусҳои занону бонувон, иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, нақши калидии онҳо дар рушду нумӯи Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз занону бонувон даъват ба амал овард, ки дар арҷгузорӣ ва ҳифзи либоси миллӣ, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ саҳми муносиб гузошта, дар пешгирии раванди болоравии бегонапарастӣ миёни занону бонувон, пешгирии дигар омилҳои номатлуби ба исми мубораки зан иснодоваранда, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар масоили рӯз бетараф набошанд.