Медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сад ранги чакан дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

28 апрели 2021, чоршанбе


        Даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии "Сад ранги чакан" дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат ва ноҳияҳои Шаҳринав, Рӯдакӣ бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, дӯхтани тоқиву ҷузвдонҳо ва дигар намуди чеварӣ аз рӯйи номинатсияҳои “Либосҳои қадимаи чакан”, “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси рӯзмарра”, “Либоси маросимӣ ва идона” ва “Либосҳои расмӣ” баргузор гардида, ғолибони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Поделиться в