Суҳбату вохӯриҳои судманд
Дар асоси супориш ва барқияи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар якҷоягӣ бо бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳр бо толибилмони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста ба амалҳои номатлуб аз қабили пайвастан ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ, таҳсили ғайрирасмӣ ва пешгирии зӯроварии хонаводагиву ҷудошавии оилаҳои ҷавон суҳбату вохӯриҳо доир намуд.