НИДОИ МОДАР
Модарону бонувони сарбаланду саодатёри Тоҷикистони ҷоноҷон бар бари Пешвои хирадманду муҳофизи Ватан сина сипар намуда, бар зидди ҳама гуна вабову омилҳои аср муборизаи беамон мебаранд. Ҳар он нафаре, ки имрӯз дар марзу буми Тоҷикистон қарзи фарзанди адо намуда истодааст, фарзанди модару бародари хоҳаре ҳаст, ки пайваста дар ҳаққаш дуои хайр, дуои ватандӯсту ватанпарвар буданаш медиҳанд. Модари тоҷик имрӯз аз нофаҳмиҳо ва бесарусомониҳои шаҳри Исфара дар ташвиш аст ва намехоҳаду намегузорад, ки боз оташи қаҳру ғазаб, кинаву адоват, хунрезии ноҳақ, куштору ғоратгарӣ ва оташи дуди ғализи ҷанг авзои ороми ҷомеаро халалдор созаду модареро бе фарзанд, хоҳареро бе бародар, фарзандеро бе падар дар чорсӯи зиндагӣ моту ҳайрон намояд. Шукрона аз он бояд кард, ки фазои тинҷу ором, сулҳу субот дорем, ки бо ҷонбозиҳову далериҳои рустамонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории давлату миллат ва шинохти чеҳраи сиёсию фарҳангии ин миллати сарбаафлок ба даст омад. Шукрона бояд кард, ки модари ватанпарвари тоҷик ба халқу миллат фарзандеро ҳадя намуданд, ки шабу рӯз дар хизмати халқу ватани хеш қарор доранд. Фарзанде, ки ҷон ба каф гирифта, аз давлатҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо гуфтушунидҳои бекарон охирин гурезаҳоро ба ватан бозгардонд ва оташи ҷанги таҳмилии бародаркушро хомӯш сохт. Имрӯз, ки бо ғояҳои ифротонаи гурӯҳи манфиатдор дар масъалаи тақсимоти марзи миёни Тоҷикистону Кирғизистон нооромиҳо сар зада, авзо ва симои нуронии модарони ду тарафро хираву беқарор намуда истодааст, аз фарзандон даъват ба амал меорем, ки ба иғво дода нашуда, бо роҳи сулҳ, аҳд ва зиракии сиёсии ватанпарварона сиёсати сулҳҷуёнаи Пешвои мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоянд. Тоҷикистону Кирғизистон ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар ҳамкориҳои судманд ба хотири рушди иқтисоди миллӣ доранд. Ва набояд, ки ин ҳамкориҳою ин муносибатҳои дӯстонаю бародарона, ин сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа бо фитнаву найрангҳои ҷоҳилону хоинон канда гардида, миёни ду миллати ба ҳам тифоқ парокандагӣ ба миён ояд. Модарон ҷонибдори сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, иттиҳоду иттифоқ буданд, ҳастанд ва мемонанд. Бо як овоз мегӯем: Зинда бод сулҳ, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, иттиҳод ва якдилӣ.